Имрӯз дар шаҳри Душанбе боз чор майдони хурди футбол ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа чор майдони хурди замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт.
Дар расми бошукӯҳи кушода шудани майдонҳо Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа қаноатмандии худро аз ҳамкории судманди КФО ва ФФТ баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд чунин барномаҳои ҳамкорӣ боз ҳам вусъати тоза хоҳанд гирифт.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки дирӯз ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот карда, масоили дурнамои рушду инкишофи футбол дар минтақаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.











Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






