«ИСЁНИ АРӮСОН». Театри В. Маяковский намоиши «Исёни арӯсон»-ро дар таҳияи нав аз рӯи асари драматурги маъруфи Ӯзбекистон пешкаши ҳаводорон мегардонад
ДУШАНБЕ, 12.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский намоиши «Исёни арӯсон»-ро аз рӯи асари нависанда ва драматурги маъруфи Ӯзбекистон Саид Аҳмад дар таҳияи коргардон Хуршед Мустафоев пешкаши тамошобинон мегардонад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
… Ҳатто чунин як низои «дарозмуҳлат», ки байни хушдоману келин ба миён меояд, агар шумо ба он бо ҳаҷву шӯхӣ ва некӣ ҷавоб диҳед, он метавонад зуд паси сар шавад.
Спектакли «Исёни арӯсон» маҳз дар ҳамин бора ҳикоят мекунад. Фармон-бибӣ, модари ҳафт писар ва чилу як набера, чунин сифатҳои ба ҳам зид дорад: ӯ модари ғамхор, бибии меҳрубон ва хушдомани ситамгар аст. Вале зарур аст, ки бо ӯ забон ёбӣ. Келини хурдӣ Нигора, ки иғвоангез ва ташкилкунандаи «исёни арӯсон» аст, тавонист дили модари шавҳар ва шаш нафар бародарони ӯро ба даст орад. Фармон-бибӣ худро дар симои қаҳрамони намоишҳои хонагӣ дида, дар пеши чашмҳо тағйир меёбад…
Саид Аҳмад Ҳусанхоҷаев нависанда ва драматурги машҳури Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, Нависандаи халқии Ӯзбекистон, Корманди шоистаи санъати Ӯзбекистон, дорандаи орденҳои «Барои хизмати шоиста» ва «Дӯстӣ» мебошад. Эҷодиёти худро бо тахаллуси адабии Саид Аҳмад нашр кардааст.
Саид Аҳмад соли 1920 дар шаҳри Тошканд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1937 Саид Аҳмад таҳсилро дар Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд идома медиҳад. Аз миёнаҳои солҳои 1930 ҳамчун журналист фаъолият карда, дар раванди муттаҳидкунонии ҷомеаи деҳот фаъолона иштирок намудааст. Дар охири солҳои 30-юм нахустин очеркҳои публисистӣ ва ҳикояҳои худро дар рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Муштум» ва «Шарқ Юлдузи» нашр мекунад.
Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои Саид Аҳмад — «Дар» соли 1940 нашр шуда, сипас маҷмӯаҳои «Дили ҷасур» (1942), «Ҳикояҳои Фарғона» (1948), «Муҳаббат» (1949) пайи ҳам чоп шуданд, ки маҳорату касбияти ӯро дар ҳикоянависӣ нишон медоданд.
Саид Аҳмадро бештар пйесаҳояш, бахусус «Исёни арӯсон» шӯҳратманд кард. Ин асар пас аз нашр номи Саид Аҳмадро дар радифи як қатор адибони классики Ӯзбекистон машҳури олам гардонд. Мазҳакаи «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад дар 14 мамлакат ба намоиш гузошта шуда, аз рӯи он аз тарафи студияҳои «Ӯзбекфилм» ва «Лаосск» ду филми мустанад наворбардорӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Исёни арӯсон»-и Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский 15 апрели соли 2018, соати 14:00 дар бинои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ошёнаи 3) баргузор мегардад.









Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






