Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад

Апрель 5, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 05.04.2018./АМИТ «Ховар»/.  Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Хуҷанд, ки яке аз 10 осорхонаи бузурги сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон мебошад, 29 ноябри соли 1986 дар чаҳорчӯбаи тадбирҳои таҷлили 2500-солагии ин шаҳри бостонӣ ифтитоҳ ёфта буд. Он дар қисмати шарқии Қалъаи кӯҳнаи Хуҷанд, ки ба қарнҳои 9-10 мутааллиқ аст, ҷойгир мебошад. Азбаски намои берунии осорхона, ки аз деворҳои ғафси аз хишти пухта сохташуда ва манораҳои баланд иборат аст ва дохили он дар масоҳати 150 метри мураббаъ бозгӯи ҳақиқии таърихи асримиёнагӣ ва хусусиятҳои меъмории ин шаҳри қадим мебошад, имрӯзҳо ба макони зиёрати садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ мубаддал гардидааст.

Дар ин бора нигориши Ширкати телевизион ва радиои «Тироз»-ро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  бори нахуст соли 1986 дар шаҳри  Хуҷанд  ифтитоҳ шуда буд. Он яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Кўшишҳои холӣ кунонидани ҳудуди дохилии куҳандизи Хуҷанд ва он ҷо созмондиҳии Ширкати илмию тармимии «Қалъаи Хуҷанд» охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри ХХ шуда буд. Ҳисори аз қисми ҳарбӣ холикардашуда чун ёдгориву зиёратгоҳи умумихалқӣ истифода гашта, нишон додани бавуҷудоӣ ва инкишофи таъриху маданияти бостонии Хуҷанд, симои шаҳрсозии қадимтарину қадима ва асримиёнагии он дар назар буд.

Дар дохили куҳандизи Хуҷанд баъди бори якум аз қисми ҳарбӣ холикунонии он (охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри ХХ) чанд биноҳои аз хишти пухта сохташударо (дар шакли таҳхонаҳо) низ дарёфта шуда буданд. Саршавии ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон баҳри амалигардонии нақшаҳо монеъ гардид. Куҳандиз ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд.

Заминаҳои аввалини маданияти шаҳрсозӣ дар ҳавзаи Сирдарё ба ҳазорсолаи II-I то милод рост меоянд. Омўзиши археологии шаҳри Хуҷанд аз соли 1954 сар шуда ва аз кофтукови археологии куҳандизи шаҳр ибтидо гирифт. Дар чуқурии 27-метраи дизи шаҳр, болои арк, ки дар кофтуковаш иштирок доштам, осори қабатҳои мадании сукунати инсон, ки ба асрҳои VIII-VI то милодӣ мансубанд, ошкор шуд.Бостоншинос Т.В. Беляева дар дизи Хуҷанд девореро кушод, ки хиштҳои калонҳаҷми хоми он ба асри VII-IV то милод рост омадааст. Ин масолеҳ то ҳол дар Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд ба намоиш гузошта шудааст.

Кўҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар буд (диз – 6 га, шаҳристон 12 га).Бозёфтҳои археологӣ – сафолоти хуму кўзаҳо, косаву ҷоми сафолӣ, дарёфт шудани хуми калонҳаҷми ғалланигоҳдорӣ (11 хуми архаикии калон), ғаллакўбҳои сангиву ўғурҳои сангӣ, қисмҳои олоти бофандагӣ ва ғайра шаҳодати онанд, ки ғаллаистеҳсолкунӣ ва захиракунии маводи хўрока, бофандагиву кулолгарӣ ва хоҷагии кишоварзиву ҳунармандии шаҳриён ба роҳ монда шуда будааст.

Ҳоло осорхонаи вилоятӣ аз ду толори хурд ва се толори калон иборат буда, дар онҳо беш аз 15 ҳазор нигораҳо маҳфузанд. Ҳамарўза ба ин осорхона шумораи зиёди сайёҳони хориҷиву дохилӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон ошно мегарданд. Дар давоми соли 2013 беш аз 30 ҳазор нафар сайёҳон осорхонаро тамошо карданд. Зикраш бамаврид аст, ки аз шумораи умумӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ буданд.

 

                                                                             Манбаъ: Tiroz.org

Апрель 5, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад