Саҳми мақомоти гумрук дар рушди сайёҳии Тоҷикистон

Апрель 25, 2018 17:02

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Пешвои миллат -ташаббускори  рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои  мардумӣ», — таҳти чунин унвон дар иртибот ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки  дар он кормандони мақомоти  гумрук, вазорату идораҳои марбута, олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Ҳурматзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Амирбекзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мақомоти гумруки Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ сухан карданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, обҳои мусаффо, чашмаҳои  шифобахш,  мавзеъҳои таърихию  фарҳангӣ, олами бойи набототу ҳайвоноти нодир  қалби садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст.

Аз ин рӯ, ҳамасола тамоюли ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд, ки ин раванд бозгӯи кишвари амну ором дар қораи Осиё ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани Тоҷикистон аст.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва иқдоми наҷиб андешида, барномаҳои махсуси давлатӣ барои таъсис ва рушди минтақаҳои сайёҳӣ қабул намудааст, ки Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 яке аз онҳост.

Инчунин бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат  даҳҳо  иншооти  муосири сайёҳӣ, назири  маҷмааи лижаронию  сайёҳии «Сафед-Дара», истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Пули сангин» ва чандин меҳмонхонаҳои наву замонавии  панҷситорадори бренди  ҷаҳонӣ ба мисли «Sheraton»,  «Hyatt  Regenccy», «Serena» ва ғайраҳо дар Душанбе бунёд гардида, ҳамзамон дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат таъмиру таҷдид шудаанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархӯрдор гардидани ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод намудани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ  озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии  иншооти сайёҳӣ ва барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ аз дастгириҳои Сарвари давлат нисбати рушди сайёҳӣ ва дар ин замина ҳавасманд намудани соҳибкорон ҷиҳати рушди  инфрасохтори  сайёҳӣ  башорат медиҳад.

Дар конференсия ҳамзамон доир ба паҳлуҳои дигари дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон, саҳми соҳаи сайёҳи дар рушди иқтисодиёти миллӣ, хусусан ғанӣ гардидани буҷаи давлат, рушди инфрасохтори сайёҳӣ  ва тадбирҳои андешидаи мақомоти гумруки Тоҷикистон  дар самти рушди сайёҳӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлил ва пешгӯии  мутахассисон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ, интизор меравад, ки то соли 2020 аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион сайёҳӣ хориҷӣ  боздид намояд. Ин дар ҳолест, ки  тибқи натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «Турстат»-и Россия пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.

Апрель 25, 2018 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?