Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад

Апрель 13, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Нақши мутахассисони ҷавон дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 баргузор гардида, дар он  намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муҳаққиқону мутахассисони соҳа, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намудаанд.

Дар оғоз ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор Хайриддин Идиев суханронӣ намуда, зикр кард, ки бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. «Ин иқдоми Пешвои миллат, бешак, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад», — афзуд Х. Идиев.

Ҳамчунин  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Паём ва масъалаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ» ибрози назар карда, зикр намуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

«Имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз ва фоида озод карда шудаанд. Барои  инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории  танзимкунандаи фаъолияти соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд»,- гуфт Мирзошоҳрух Асрорӣ.

Ба андешаи  раиси Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, то замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳо маҳдуд буд. Ҳоло дар мамлакат барои пешрафти соҳа шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои тайёр намудани мутахассисони соҳа бахшҳои махсус таъсис ёфтаанд, ки барои рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.

Инчунин дар чорабинӣ мавзӯъҳои «Нақши Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ» ва «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар замони соҳибистиқлолӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Апрель 13, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад