ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 апрел, чоршанбе, 101-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯз, 11 апрели соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» муфассал баррасӣ шуд.
11 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умимиҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.
РӮЙДОДҲО:
11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.
***
1 сол қабл дар ин рӯз, 11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф, субҳи 11 апрел ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
***
Дар ин рӯз, 11 апрели соли 1919 Ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат таъсис дода шуд.
***
7 сол қабл, 11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва САҲА Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсияро ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1927 дар Беларус Конститутсия қабул карда шудааст.
***
Соли 1832 Дар Россия унвони «Шаҳрвандии фахрии Россия» таъсис ёфт.