ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 18, 2018 08:03

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад

 

18 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 апрели соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.

18 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.

РӮЙДОДҲО:

18 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин Созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 апрели соли 1998 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.

***

8 сол қабл, 18 апрели соли 2010 ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо дучархаҳои худ ба сайри ҷаҳон баромаданд.

***

18 апрели соли 1925 Шӯрои байналмилалии радиодӯстдорон таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 дар шаҳри Москва дастаи футболи МКС (ҳоло «Спартак»-и Москва) таъсис ёфт.

 

Апрель 18, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш