ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 19, 2018 08:04

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

19 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу–ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯз, 19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Мағоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

 19 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи гули бойчечак.

***

Дар Россия рӯзи нашриёт.

РӮЙДОДҲО:

19 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

***

19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

***

19 апрели соли 2000 дар қисмати марказии Руминия калонтарин кони тилло дар Аврупо кушода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1970 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин мошини ВАЗ-2101 «Жигули» таҳия гардид.

***

Соли 1995 дар натиҷаи таркиши маводи тарканда дар Оклахомаи ИМА 168 нафар ҷон бохтанд. Ин таркиш нахустин ҳамлаи террористии азим дар таърихи Америка ба шумор меравад.

Апрель 19, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш