ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 апрел, ҷумъа, 110-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
20 апрели соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.
***
20 апрели соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯз, 20 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбӣ — роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфтанд.
20 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Россия рӯзи миллии донорҳо.
***
Рӯзи забони хитоӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 апрели соли 2012 дар толори калони Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2012 ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
***
11 сол қабл, 20 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолуддини Румӣ баргузор гардид.
***
20 апрели соли 2017 дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон доир шуд.
***
20 апрели соли 1949 Конгреси нахустини ҷаҳонии ҷонибдорони Сулҳ баргузор гашт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1940 дар ИМА аввалин микроскопи электронӣ ба намоиш гузошта шуд.
***
Соли 1958 Клуби футболи «Рубин»-и Россия таъсис дода шуд.