ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад
24 апрели соли 2012 имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.
***
24 апрели соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.
24 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамрайии ҷавонон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабароторӣ.
***
Ҳафтаи умумиҷаҳонии имунизатсиякунонӣ.
РӮЙДОДҲО:
24 апрели соли 2014 Агентии милии иттилоотии «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин рӯз дар Брюсел мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: Соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ, нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» баргузор гардид.
***
24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе 16-умин намоишгоҳи байналмилалии низоми маориф доир гашт.
***
Дар ин рӯз, 24 апрели соли 1973 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон оркестри камеравӣ таъсис ёфт.
***
26 сол қабл, 24 апрели соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Украина барқарор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1962 дар ИМА бори нахуст дар дунё интиқоли мавҷи телевизионӣ аз як шаҳр ба шаҳри дигар тавассути моҳвора анҷом дода шуд.
***
Соли 1867 генерал-губернатории Туркистон таъсис дода шуд, ки аввалин сардори он генерал К. П. Кауфман таъйин гардид.