ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 апрел, шанбе, 118-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 28, 2018 08:52

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад.

 

28 апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

28 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии духтури ҳайвонот (бойтор).

РӮЙДОДҲО:

28 апрели соли 2014 вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин баргузор гардид.

***

Дар ин рӯз, 28 апрели соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.

***

14 сол қабл, 28 апрели соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

***

28 апрели соли 1936 дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масолеҳи сохтмонӣ кушода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 оинномаи Лигаи миллатҳо қабул гардид.

***

Соли 1929 нахустин Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд.

 

Апрель 28, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш