«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 31 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри ободу зебо намудани мавзеъҳои сайёҳгузар дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамоиши умумӣ таҳти унвони «Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем» баргузор гардид.
Ҳамоиши тозагӣ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.
Шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, атрофи мевзеъҳои дараи Ромит дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуд.
Бояд гуфт, ки шаҳри Ваҳдат дорои иқтидори бойи сайёҳии экологӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва шикор саҳми арзанда гузорад.
Дар шаҳр мамнуъгоҳи Ромит ва истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», макони сайёҳии «Ёс», мавзеи Канаск ва даҳҳо мавзеъҳои хушманзара мавҷуданд, ки бо ба роҳ мондани таблиғоти зарурӣ диққати сайёҳони зиёдеро ба тамошои онҳо ҷалб намудан мумкин аст.
Ҳамзамон дар анҷоми шанбегии мазкур оид ба оғози мавсими сайёҳӣ роҳбарияти Кумита бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва мардуми маҳал оид ба сазовор гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбати судманд намуданд.











«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






