Бразилия сармоягузоронашро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб месозад

Май 7, 2018 17:22

ДУШАНБЕ, 07.05.2018. /АМИТ “Ховар”/. Ҷониби Бразилия омода аст, то сармоягузорони бразилиро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб созад. Ин нуктаро имрӯз  Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Тоҷикистон бо қароргоҳи худ дар шаҳри Исломободи Покистон Клаудио Раҷа Габаглия Линс зимни мулоқот бо муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода иброз дошт.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, дасгирии давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа, корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои оянда иттилоъ дода, иброз дошт, ки мо низ мехоҳем ҷашни Наврӯзи байналмилалии худро мисоли фестивали карнавали Бразилия  ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, онро дар сатҳи хеле баланд таҷлил кунем, то ки сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори олам ба тамошо биёянд. “Тоҷикистон кишварест, ки дар як вақт метавон 4 фасли солро дид ва маконҳои таърихию мавзеъҳои тамошобоби он ҷолиби диққатанд”, — афзуд Ҳ. Амирбекзода.

Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Тоҷикистон Клаудио Раҷа Габаглия Линс дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Бразилия омода аст, то сармоягузорони бразилиро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб созад. “Мо аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле шодем ва  имконоти сайёҳии Тоҷикистонро ба сокинони Бразилия муаррифӣ намуда, ҳамкории ҷониби Тоҷикистонро бо соҳаи сайёҳии кишвар ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ мемонем”, — иброз дошт Клаудио Линс.

Қобили зикр аст, ки аҳолии Бразилия  айни ҳол 206 миллиону 82 ҳазор нафарро ташкил менамояд ва Бразилия ҳамчун кишвари сераҳолӣ дар ҷаҳон дар ҷойи панҷум қарор дорад. Метавон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Бразилия шумораи сайёҳони бразилиро ба Тоҷикистон афзун намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Бразилия аз  соли 1996 шурӯъ гардида, то имрӯз ин ду кишвари бо ҳам дӯст дар самтҳои мухталиф ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд.

 

Май 7, 2018 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ