Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи оҳангарон доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли равон дар Боғи Ирам Рӯзи оҳангарон доир карда шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар намоишгоҳ оҳангарон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҳсули сохтаи худро аз қабили каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, болға, дос, гулмех, наъл, корд, шамшер, оташгирак ва ғайраҳоро ба маъраз гузоштанд.
Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, сокинони пойтахт ва меҳмонону сайёҳон ба намоишгоҳи мазкур ташриф оварда, таассуротҳои худро аз тамошои маҳсули дасти оҳангарон рангину хотирмон арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки оҳангарӣ яке аз касбҳои маъмули мардуми тоҷик буда, мардуми мо ин касбро аз давраи Кова ба ёд дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ мебошад. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар шаҳру деҳа мавҷуд буданд. Тибқи маълумот, оҳангарӣ аз чилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигар фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо.
Оҳангарӣ имрӯз низ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмул аст. Суҳроб Ҳотамов аз зумраи ҷавононест, ки ин касбро аз падар омӯхта, дар деҳаи Шилмаки ноҳияи Рашт дӯкони оҳангарӣ дорад ва эҳтиёҷоти мардумро қонеъ карда истодааст. Ӯ асосан дос, каланд, табару теша ва наъл месозад, ки талаботи мардум асосан ба ҳамин маҳсулот зиёд аст.
“Вақтҳои охир касби оҳангарӣ хеле кам гардида, дари чандин дӯкони оҳангарӣ баста шуда буд. Хушбахтона, бо эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин касби бобоӣ дубора эҳё шуд”, — гуфт Суҳроб Ҳотамов.
Бояд тазаккур дод, ки доир кардани чунин намоишгоҳҳо ба оҳангарон имконият фароҳам меорад, то касбияти баланди хешро ба дигарон нишон дода, маҳсули заҳматашонро ба фурӯш бароранд. Муваффақияти ҳар як оҳангар дар алоҳидагӣ боиси дар маҷмӯъ рушд кардани ҳунари оҳангарӣ ва муаррифӣ шудани он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсири амиқ мегузорад.
Рӯзи оҳангарон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, қаблан Рӯзи заргарон баргузор шуда буд ва минбаъд баргузории Рӯзи чармгарон, Рӯзи чӯбтарошон, Рӯзи косибон, Рӯзи чакандӯзон ва Рӯзи атласбофон низ дар назар дошта шудааст.


















Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






