Дар шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 13 май дар шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рафти намоиши мазкур, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд, раисони вилоятҳо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва дигарон боздид намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки солҳои охир рушди сайёҳӣ, алалхусус саёҳати дохилӣ яке аз масъалаҳои меҳварии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ ва татбиқ карда шуданд. Аз ин лиҳоз баргузории чунин намоишгоҳҳо дар дар ин сол мувофиқи мақсад мебошад, зеро он ба рушди саёҳати дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои фарҳангиву театрӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи «Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Маҳфили адибон» ва «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон 10 май оғоз гардида, имрӯз, 14 май ба анҷом мерасанд.










Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






