Дар шаҳри Хоруғ даври ниҳоии озмуни вилоятии «Дастони моҳир» баргузор гардид

Май 12, 2018 10:08

ХОРУҒ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни вилоятии «Дастони моҳир» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят башида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои директори муассисаи мазкур Ниёзмамад Мамадаёзов, мақсад аз баргузории озмуни «Дастони моҳир» баланд бардоштани ҳунару истеъдоди кӯдакону наврасон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои халқӣ, ҳамчунин боло бурдани дарки зебоипарастии онҳо буд. Иштирокдорони даври ниҳоии озмун, ки беш аз 40 нафарро ташкил медоданд, маҳсули ҳунару истеъдоди худро дар бофандагию дузандагӣ, муҳрабофию кашидадӯзӣ ба намоиш гузоштанд.

«Ба ҳунари муҳрафбофӣ аз овони хурдсолӣ дил бастаам. Дар омӯзиши ин ҳунар модаркалонам ба ман кумак мекард. Баъд аз синфи панҷ аъзои Маркази таҳсилоти иловагӣ гардидам ва тайи чанд сол аст, ки дар бахши муҳрабофӣ ҳунару истеъдоди худро такмил медиҳам», — гуфт яке аз иштирокдорон, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Дарвоз Моҳидарвози Расул.

Ба гуфтаи омӯзгори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Насиба Душанбиева, доштани ҳунару салиқаи  дузандагӣ барои ҳар як духтар шарт ва зурур аст. Занону духтарон бояд сарфи назар аз касбу корашон ҳунари дӯхтану  бофтанро аз худ намоянд.

Баъди санҷиши дониши назариявию амалӣ доварон ба ҳунари иштирокдорони озмун баҳогузорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, дар бахши бофандагӣ аъзои маҳфил аз ноҳияи Рӯшон Басима Назарова ва дар бахши муҳрабофӣ аъзои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи мазкур Ҳуснияи Таваккал мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар бахши кашидадузӣ пирӯзӣ насиби Гулдаста Ниятбекова аз ноҳияи Шуғнон гардид. Дар бахши дузандагӣ доварон  ҷои аввалро ба Оиша Иззатова аъзои бахши Маркази таҳсилоти иловагӣ аз ноҳияи Ванҷ сазовор донистанд.

Дар фарҷом ғолибон бо ифтихорномаи Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Май 12, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ