ДУШАНБЕ МЕШАВАД ҲАР РӮЗ ЗЕБОТАР! Таҷдиду рангубори намои биноҳо ба пойтахт шукӯҳи тоза мебахшад
ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баргузор гардида буд, таъкид доштанд, ки «шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар мулоқоти мазкур баён гардиданд, як зумра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд.
Таҷдиду рангубори намои бинову иншооти дар кӯчаҳои протоколии пойтахт ҷойгирбуда аз ҷумлаи онҳост.
Доир ба ҷараёни корҳои мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо чанд савол ба муовини якуми Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин САИДМУЪМИНОВ муроҷиат намуд.
«Ховар»: Ростӣ, баъди таҷдиду рангубори намои бинову иншооти кӯчаҳои протоколӣ симои пойтахт куллан дигаргун гаштааст. Акнун Душанбе боз ҳам зеботару дилработар ба назар мерасад. Амалишавии ҳамин лоиҳаро барои хонандагони сомонаи мо каме шарҳ медодед.
Ҳ. Саидмуминов: Бояд зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр 19 июли соли 2017 аз кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Сарвари давлат зимни боздид вобаста ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар кӯчаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ва буриши хиёбони А.Рӯдакӣ то буриши кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе» ( КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста гардидааст) ва «Дар бораи таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш аз буриши кӯчаи М.Мастонгулов то буриши кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе» (ҶСП «Фурудгоҳи байналмилалӣ»-и шаҳри Душанбе вобаста шудааст) ба имзо расид.
Лоиҳаи таҷдиди намои биноҳои кӯчаҳои протоколӣ аз ҷониби КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода гардид.
Алҳол таъмиру таҷдиди намои биноҳо дар кӯчаҳои протоколӣ — хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш бомаром идома дорад.
«Ховар»: Тадбиқи лоиҳаи мазкур соли гузашта сурат гирифта буд. Миқдори биноҳои таҷдиду рангуборшуда соли гузашта чӣ қадар буд ва анҷоми он соли равон чӣ миқдор ба нақша гирифта шудааст?
Ҳ. Саидмуминов: Бояд зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ташаббус ва саҳми соҳибкорон дар 15 иншоот таъмиру рангубори биноҳо ба анҷом расид. Корҳои рангубор дар қисмати буриши кӯчаҳои С.Айнӣ ва Рӯдакӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Соли равон корҳои таҷдиду рангубор дар 31 биною иншооти хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи С.Айнӣ ба нақша гирифта шудаанд. Алҳол аз ин миқдор дар 13 адади ин иншоот раванди кор оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад.
Мақсад дорем то ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҷдиду рангуборро дар 31 биною иншооти банақшагирифта пурра ба анҷом расонем.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки баъди анҷоми ин корҳо дар хиёбону кӯчаҳои протоколӣ онро дар дигар қисмати пойтахт идома медиҳем. Аниқтараш, баъди анҷоми лоиҳаи мазкур корҳои таҷдиду рангубор дар хиёбонҳои А.Сино ва Н.Қарабоев идома меёбанд.
«Ховар»: Ҳангоми таҷдиду рангубори биноҳои истиқоматии кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ аз сокинони он маблағ ситонида мешавад ё не?
Ҳ. Саидмуминов: Барои анҷоми ин корҳо аз сокинони биноҳои зикршуда умуман маблағ талаб карда намешавад. Тавре дар боло зикр кардем, ин лоиҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону эҳсонкорон амалӣ мешавад. Танҳо ҳангоми таҷдиду рангубори намои биноҳое, ки дар ошёнаҳои 1–уми онҳо мағозаву дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгиранд, соҳибкорон, яъне соҳибони ин марказҳо ҷалб мешаванд. Онҳо танҳо дару тиреза ва шишаҳои мағозаву марказҳои худро ба лоиҳаи тасдиқшуда мутобиқ сохта, харҷи онро аз ҳисоби худ ба анҷом мерасонанд. Бояд зикр кард, ки баръакс дар вақти таҷдиду рангубори чандин биноҳо мо ба сокинон барои иваз намудани тирезаҳои чӯбини фарсудаашон ба тирезаҳои замонавӣ кумак расонида, онҳоро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда иваз намудем. Бо ин мақсад то имрӯз аз ягон нафар сокини биноҳои мазкур ягон дирам талаб нашудааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






