Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, шуъба ва бахшҳои маҳаллии сохтори мазкур дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои рушди сайёҳӣ дар масири «Шоҳроҳи абрешим-2018» аз 3 то 16 май ва «Идоракунии сайёҳӣ ва истихроҷи сайёҳӣ миёни давлатҳои СҲШ дар соли 2018», ки аз 8 то 28 майи соли 2018 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз лаҳзаи таъсиси Кумита дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафта дар соҳаи сайёҳӣ, мутахассисони соҳаи сайёҳии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ ба мамлакатҳои Испания, ИМА, Япония, Қатар, Россия ва дигар давлатҳо сафарбар гардиданд.
Саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Бинобар ҳамин, тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, барои мустаҳкам кардани симои ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари туризми байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло дар кишвар ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ беш аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ба таълим машғул мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолият аз ҷониби Кумита тибқи нақшаи таҳиягардида вохўриҳои роҳбарияти Кумита бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии мамлакат, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






