Нуъмон Абдуғаффорзода: «Аз ҷониби СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад»

Май 4, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби СММ қабул гардидани пешниҳоди чоруми Тоҷикистон дар масъалаи дастрасӣ ба об таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад. Ин нуктаро Нуъмон Абдуғаффорзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз зимни суханронии худ дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Об — сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон» баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар заминаи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳошияи татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028» ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Об-сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар ришта сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд.

Н. Абдуғаффорзода зимни баромади худ инчунин зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имкониятҳои обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, саросар кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад ва аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд. Об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар бисёр кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеа ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳаи об дар мавзӯҳои «Масъалаҳои идоракунии захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Омӯзиши пиряхҳо дар раванди таҷдиди «Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», «Захираҳои обӣ муаррифгари имкониятҳои сайёҳӣ» ва «Нақши об дар беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди сайёҳӣ» маърӯзаҳо карда шуд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва саҳми он дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Май 4, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ