Озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст гардид

Май 16, 2018 16:58

ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст гардид. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин озмун ё хакатон тӯли як моҳ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид баргузор карда шуд.

Ғолиби озмун   сомонаи интернетии «HICA» (Hi Central Asia), ки муаллифони он Икромхон Валиев, Манучеҳр Азизов ва Олимҷон Алимурзаев мебошанд, эълон гардид. Ҷойи дуюм ба лоиҳаи «Tajtourism», муаллифаш Алишер Сиддиқов ва мақоми сеюм ба лоиҳаи «KujoGo», муаллифонаш Амонулло Файзуллоев ва Анастасия Пенкова сазовор дониста шуданд.

Бояд гуфт, ки хакатон (англ. hackathon) як навъ озмуни кутоҳмуддатест, ки барои барномасозон, дизайнерҳо ва дигар мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  гузаронида мешавад. Дар озмуни мазкур , ки аз се марҳила иборат буд, 32 даста бо лоиҳаи худ иштирок карданд. Аз байни онҳо 8 лоиҳа ба қисмати  ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Маросими ҷамъбастии озмун дар шаҳри Душанбе бо баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои ба қисми ниҳоӣ роҳёфта баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки ташкил ва гузаронидани чунин озмунҳо барои муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ва рушди соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

«Имсол аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Дар робита ба ин дар Тоҷикистон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои 12 сол таҳия шудааст. Мо аз 150 давлати ҷаҳон ҳудуди 450 ҳазор сайёҳ қабул мекунем. Тақрибан 30 ширкати нави сайёҳӣ ташкил гардид. Аммо ин рақамҳо ҳоло ҳам моро қонеъ намекунад ва бояд шумораи сайёҳон афзун карда шавад», — таъкид кард Нӯъмон Абдуғаффорзода.

Сардори шуъбаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мубин Рустамов иқдоми Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташкили мақомоти махсус оид ба сайёҳӣ, баргузории чунин озмунҳо ва ташкили портали интернетӣ гувоҳи мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор доштани ин соҳа аст.

«Тоҷикистон имкониятҳои зиёди истифоданашуда дорад. Самтҳои гуногуне ҳастанд, ки метавон ба он таваҷҷуҳ кард ва рушд дод. Барномаи Рушди СММ омода аст, ки дар ин самт ба Тоҷикистон кумак кунад»,-гуфт номбурда.

Иштирокдорон изҳори умед карданд, ки дар ояндаи наздик ин лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо барномарезони касбӣ ва намояндагони шир катҳои сайёҳӣ такмил дода мешавад ва дар амал тадбиқ мегардад.

Май 16, 2018 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд