Сайёҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд

Май 22, 2018 17:03

ДУШАНБЕ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо роҳбари ширкати «PwC» (PricewaterhouseCoopers)   Сунил  Малҳотра  мулоқот  намуд.  Ҳадафи ин  вохӯрӣ  ҷалби сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб ба  Тоҷикистон мебошад. Бояд таъкид намуд, ки  Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта,   барои сафар намудани сайёҳони як қатор кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон  мусоидат карда метавонад.

Тавре аз Кумитаи  мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ба роҳбари ширкати «PwC» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва шикор муаррифӣ гардида, оид ба имтиёзҳои андозию гумрукии ба соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳодшуда,  иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, ширкати «PwC», ки дар як қатор мамлакатҳо фаъолият мекунад, ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, шароити ҳуқуқии будубоши сайёҳон ва имтиёзҳои андозию гумрукии пешниҳодшуда мароқ зоҳир намуда, ҳавасмандии худро барои сафарбар намудани сайёҳон ба минтақаи Варзоб, Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара», Искандаркул, Қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанбе изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1995 бо Амороти Муттаҳидаи Араб муносибатҳои дипломатӣ дорад.

Май 22, 2018 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ