ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 май, шанбе, 132-юмин рӯзи соли 2018 аст

Май 12, 2018 08:01

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

12 майи соли 2012 аввалин ҷаласаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

2 сол пеш, 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара — 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

12 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.

***

Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.

***

Дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи армия.

 РӮЙДОДҲО:

12 майи соли 2010 дар Мянма дар бозии давраи интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи  «Озмоишгоҳҳои тадқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

***

12 майи соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Туркия таҳсил доранд, дар озмуни ҳамасола миёни беҳтарин муҳандисони Туркия мақоми аввалро соҳиб шуданд.

***

3 сол пеш, 12 майи соли 2015 Бонки рушди Осиё бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар — ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1954 Украина узви ЮНЕСКО шуд.

***

12 майи соли 1993 Эстония ба узвияти Шӯрои Аврупо қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 Маркази фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 65-солагии Ғалаба бар фашизм шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед дӯст бошем!»- ро баргузор намуд.

Май 12, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст