ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 май, душанбе, 134-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 14, 2018 08:30

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

4 сол пеш, 14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории кишоварзӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» — ро ба имзо расониданд.

14 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Парагвай – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Беларус – Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

 14 майи соли 2003 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ маросими расмии ифтитоҳи консулгарии Афғонистон баргузор гардид.

***

14 майи соли 2009 дар шаҳри  Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид.

***

6 сол пеш, 14 майи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими ботантанаи ифтитоҳи 5-умин Ҳафтаи маорифи давлатҳои узви СҲШ «Маорифи бидуни марз» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 миёни судҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Арманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992  дар Точикистон Телевизиони Кӯлоб таъсис ёфт.

***

Соли 1968 Федератсияи футболи  Никарагуа созмон дода шуд.

Май 14, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст