ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 май, сешанбе, 135-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
15 майи соли 2012 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва Конгреси V байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
15 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии оила.
***
Рӯзи умуммиҷаҳонии иқлим.
РӮЙДОДҲО:
15 майи соли 2012 аввалин маротиба дар Тоҷикистон китоби Қуръони азимушшаън аз сўи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.
***
15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл муҳокима намуданд.
***
Чор сол пеш, 15 майи соли 2013 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гурӯҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» Алӣ Акбулут масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ намуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар карданд.
***
Соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Кувайт сафар карда, дар толори бузурги Девони Амир бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни ин кишвар оид ба маҷмӯи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба суҳбат карданд.