ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 май, чоршанбе, 122-юмин рӯзи соли 2018 аст

Май 2, 2018 08:16

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 амр имзо намуданд.

***

4 сол пеш, 2 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

 РӮЙДОДҲО:

 2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

2  майи соли 2014 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Шӯрои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии «Чолишҳои нав дар соҳаи озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

2 майи соли 1933 дар Германия фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касаба қатъ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 дар Сан-Франсиско калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардид,  ки 305 метр дарозӣ, 46 метр паҳноӣ, ва то 4,26 метр чуқурӣ дошт.

***

Соли 1949 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз майдони «Динамо» гузориши телевизионии бозии футбол сурат гирифт.

Май 2, 2018 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш