ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 май, шанбе, 125-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 5, 2018 08:43

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Директори генералии вақти ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулашон дар густариш додани ҳамкории миёни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО – ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба наздикӣ (соли 2009) таъсис ёфтааст, тақдим намуд.

***

4 сол пеш, 5 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рўзи соли 2016 аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум зиёда аз 30 масъалаи муҳимро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

 5 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рўзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон.

***

Рӯзи байналмилалии доя  (акушер).

***

Дар Эфиопия – Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

 5 майи соли 1947 Осорхонаи санъати тасвирии ҶШС Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

5 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар назди Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия мактаби Тоҷикистон – Россия ифтитоҳ карда шуд.

***

9 сол пеш, 5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ба имзо расид.

***

5 майи соли 2017 дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе  шаби эҷодии нависандаи маҳбуби тоҷик Тимур Зулфиқоров баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бозии давраи нӯҳуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар лигаи олӣ байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор доир шуд.

***

5 майи соли 1956 дар шаҳри Токиёи Япония аввалин чемпионати чаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Элизабет-Ситии ИМА дар фарҷоми чемпионати озод оид ба тэквандо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар санҷиши умумидаставӣ мақоми аввалро касб намуд.

***

Соли 1966 дар Россия аввалин шумораи ҳафтаномаи «Книжное обозрение» нашр шуд.

Май 5, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш