Табиати хушманзар, либосҳои миллӣ ва таомҳои лазизи Тоҷикистон ҳайати фарҳангию сайёҳии АМА-ро ба худ ҷалб намуданд

Май 8, 2018 10:23

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, бозори Меҳргон, Осорхонаи миллӣ, дараи хушманзараи Ромит  ва дигар мавзеъҳои сайёҳии атрофи шаҳри Душанбе дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ин сафар бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт. Дар ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Ал Муайнӣ, мудири Академияи дипломатияи фарҳангӣ дар шаҳри Дубай, Носир Ал Зоҳирӣ, котиб, нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Аморот,  Марям Ал-Шиносӣ, Раиси хонаи табъу нашри “Ёсамин”, Фотима Ал-Нақбӣ, сардори Департаменти фарҳанг дар Аморати Шарҷа ва намояндагони ширкатҳои бузурги сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб шомил буданд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ҳайати меҳмонон дар дараи Ромит имконот ва иқтидори сайёҳӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ намуд. Меҳмонони Аморот ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, курпачаҳои тоҷикиро, ки бо пахта омода карда мешаванд, тавсиф намуданд.  Диққати ҳайати Амороти Муттаҳидаи Арабро бештар табиати хушманзар, обҳои равон,  маҳсулоти хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, меваҳои шаҳдбор, мисоли шоҳтуту қулфинай, гелосу лиму ва асали табиӣ, чеҳраи кушоду меҳмоннавозии тоҷикона, либосҳои миллии занона ва тоқиҳои чакан ҷалб сохт.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, ба соҳаи сайёҳии кӯҳнавардӣ, таърихӣ, экологӣ, саёҳату табобатӣ диққати махсус зоҳир карданд.

Ёдовар мешавем, ки  танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 600 нафар сайёҳ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 маротиба зиёд аст.

Мавриди зикр аст, ки ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳии кишвар ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишвар ба хотири рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҷиҳати пешрафти ин риштаи сердаромад дар ватани мо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Май 8, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид