15 июн дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд хони идона густурда мешавад
ХУҶАНД, 13.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 15 июни соли равон дар 19 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои ҳар иду ҷашнвора аёдат ва дасти саховат дароз намудан ба шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, кӯдаконе, ки аз навозиш ва меҳру муҳаббати волидон дур мондаанд, амали хайру савоб ба шумор меравад.
Аз ҷумла, дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли равон доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, рукнҳои он, таҳаммулпазириву эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон сухан гуфта шуда, масъулини сохторҳои гуногун вазифадор гардиданд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеаро дар ин моҳи хайру сахо дастгирӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






