Қамишзори маҳаллаи Шафақ ба майдончаи варзишии замонавӣ мубаддал гардид

Июнь 14, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн  дар маҳаллаи Шафақи шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, баскетбол ва волейбол ба истифода дода шуд. Иқдоми  мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Тавре аз бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдончаи варзишӣ аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Олимп Осиё»-и Шӯрои олимпии Осиё сохта шуд.

Барои сохтмони майдонча 882 ҳазору 188 сомонӣ харҷ шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳайё» дар муддати 5 моҳ ба анҷом расонида шуданд. Дар сохтмон 20 нафар коргарони маҳаллӣ ва 10 техникаи сохтмонӣ ҷалб шуда, дар атрофи майдонча гулгашти зебо ташкил намуданд. Дар он тариқи ҳашар 300 ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва 26 дарахти 10-солаи ороишӣ шинонида шудааст, ки барои фароғати сокинони маҳалла мусоид мебошад.

Ба иттилои манбаъ, замине, ки барои сохтмони майдонча ҷудо шудааст, қаблан қамишзор буда, наврасону ҷавонони маҳалла дар як гӯшаи он дар шароити номувофиқ ба бозиҳои варзишӣ машғул мешуданд.

Июнь 14, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад