Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”

Июнь 2, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 2 июн баъди анҷоми кори машварат бо фаъолону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.

Дарахтони аз бори меваи зиёд сар ва навдаи ба зер афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳад.

Ба андешаи коргарони хоҷагӣ аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони тухмиҳои картошка, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат кишт шуда буд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва истеҳсоли кофии ин маҳсулоти хурока, тухмии он ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, ки бисёрсоҳа буда, дар ихтиёри худ чорвои калони шохдор ва ҳайвони майда низ дорад, дар майдони 80 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст.

Таҷрибаи бойи коргарону мутахассисони хоҷагӣ боис гардидааст, ки онҳо бо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ҳосили фаровони мева ба даст меоранд ва сатҳи зиндагии худро сол то сол беҳбудӣ мебахшанд.

Мутахассисони соҳа дар вақти кор аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини зархезу ҳар қатра оби ҷонбахш васеъ истифода мебаранд.

Зимни шиносоӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон ҷиҳати парвариши ҳосили фаровон, истифодаи самараноки замин ва ҷонибдории сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар баҳои баланд доданд.

 

Июнь 2, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид