Дар Душанбе масъалаи ҷалби бештари сайёҳони Россия ба Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 5, 2018 10:17

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин  мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, бахусус имтиёзҳои андозию гумрукие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону тоҷирон пешниҳод гардидаанд, маълумот дода, оид ба муҳлати бақайдгирӣ, ки аз 3 то 10 рӯз тамдид карда шуд, ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон мавсуф ҷиҳати баргузории форуми тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони ҳарду кишвар дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки баргузории форуми мазкур дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар назар аст. Он баҳри мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби самоягузорони Россия ба риштаи сайёҳии Тоҷикистон  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки дар баррасии ҷониби Россия қарор дорад, сухан рафта, иброз дошта шуд, ки дар сурати имзо гардидани Созишномаи мазкур ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари бо ҳам дӯст боз ҳам густариш меёбад.

Ҳамзамон перомуни ҷалби бештари сайёҳони Россия ба Тоҷикистон, хизматрасонӣ ба сайёҳони Федератсияи Россия дар самти саёҳати экологию шикор, табобатию солимгардонӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар шаҳрҳои калони Федератсияи Россия намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ гузаронида мешаванд. Соли равон ду намоишгоҳи машҳури байналмилалии сайёҳӣ “Интурмаркет” ва “МИТТ” дар Федератсияи Россия баргузор гардиданд.

Аз 10 то 12 март дар маҷмааи «Крокус Экспо»-и шаҳри Москва Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо ширкати намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ зери шиори «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» муаррифӣ намуд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» дар маҷмааи “Экспоцентр”-и шаҳри Москва бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм» ба маъраз гузошта шуда, аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳ ҳамчун “Гӯшаи ҷаззоб” эътироф шуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳа пайваста талош варзида, ҷиҳати иҷрои рисолати аслии хеш-рушди соҳаи сайёҳӣ корҳои зиёд ба анҷом мерасонад. Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистону Россия низ дар доираи тадбирҳои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат роҳандозӣ мегардад.

Июнь 5, 2018 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд