Дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 191-уми ноҳияи Шоҳмансур майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси Кумита Ҷамшед Маҳмудзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода иштирок намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.
«Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти давлатамон- шаҳри Душанбе Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сохтмони ин майдончаро ба зимма гирифта, онро имрӯз ба истифода дод. Дар майдончаи варзишии мазкур сокинони маҳалла метавонанд бозиҳои футбол, баскетбол ва волейбол доир намоянд. Дар он ҳамчунин майдони бозии кӯдакон низ бунёд карда шуда, бо мақсади таъмини бехатарӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида шудааст»,-зикр кард Умеда Юсуфӣ.
Дар ҷамъомад таъкид карда шуд, ки бунёд ва ба истифода додани чунин майдончаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқӣ ҷумҳури сохтмони мандончаҳои варзишӣ идома дошта, дар назар аст танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз сад майдончаи варзишӣ ба истифода дода шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






