Дар шаҳри Турсунзода оид ба истифодаи қонунии неруи барқ ҷамъомад доир гардид

Июнь 14, 2018 11:35

ТУРСУНЗОДА, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи ҶСК шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода  бо иштироки раисони маҳаллаҳо, рӯҳониён, назоратчиёни барқи шабакаҳои барқ оид ба  истифодаи қонунӣ ва  самарабахши неруи барқ дар байни аҳолии шаҳр ҷамъомади судманд доир гардид. Дар ин бора масъулини барқи шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода Салоҳиддин Холиқзода зикр намуд, ки аҳолии шаҳри Турсунзода  бо барқи доимӣ таъмин аст.  Мутахассисони шабакаҳои барқ сари вақт ҳолатҳои садамавиро бартараф намуда, барои таъмини барқи доимии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ меҳнат мекунанд. Ҳарчанд 50 нафар танзимгарони барқ бо фаъолону раисони маҳаллаҳо дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ҳам, вале баъзе шаҳрвандон дидаву дониста, ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ  машғул мегарданд.

Соли равон дар шаҳри Турсунзода нисбат ба 127 нафар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба маблағи умумии 98 ҳазору 572 сомонӣ  санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Зимни ҷамъомад мутахассисон зикр карданд, ки баъзе шаҳрвандон барои насупоридани маблағи қувваи барқ  ва ҳисоб накардани ҳисобкунакҳои барқии электронӣ ба таври ғайриқонунӣ майдони магнитӣ  ташкил намудаанд.

Дар ҷамъомад аз рӯҳониёну фаъолони деҳот ва раисони маҳаллаҳо хоҳиш карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо назоратчиёни барқ  бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

 

Июнь 14, 2018 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид