Дар Суғд озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 июл то 20 августи соли 2018 байни 355 китобхонаи низоми фарҳангии шаҳру навоҳии вилояти Суғд озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» баргузор мегардад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» бо 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.
Ҳамзамон барои ғолиби ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, дуюм 8 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 6 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






