Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо коррупсияро баррасӣ намуданд

Июнь 23, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи судҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар вохӯрии мазкур муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода, намояндаи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба паҳлӯҳои мухталифи ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад».

«Мубориза бо коррупсия самти муҳими сиёсати давлатии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва дар ин самт заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ташаккул ёфта, ҳамкории байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад»,-иброз дошт Зокир Аминзода.

Зикр гардид, ки барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба он имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошт ва он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки  тибқи он минбаъд барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад, яъне порагиру порадеҳ  дигар бо супоридани ҷарима озод намегарданд, балки ҳабс карда мешаванд.

 

Июнь 23, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад