Дар Тоҷикистон касоне, ки ба коррупсия даст мезананд, дигар бо супоридани ҷарима озод намешаванд, балки аз озодӣ маҳрум мегарданд

Июнь 13, 2018 16:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро  бо коррупсия тақвият бахшида, қонунҳои марбут ба ришваситониро шадидтар мегардонад. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки  тибқи он минбаъд барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад, яъне порагиру порадеҳ  дигар бо супоридани ҷарима озод намегарданд, балки ҳабс карда мешаванд.

Масъалаи  мазкурро 13 июн дар Парлумони мамлакат муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Нурзода шарҳ дода, гуфт, ки таҷрибаи судӣ аз натиҷаи баррасиии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 319-321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир нишон дод, ки ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ чораи таъсиррасонии натиҷабахш набуда, барои коҳиш додани сатҳи содиршавии чунин ҷиноятҳо назаррас намебошад.

Аз ин рӯ,  бо ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷазо дар намуди ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ хориҷ карда шуда, барои содир кардани чунин  ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки  ду сол муқаддам Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуда буд, ки тибқи он шахсоне, ки ба коррупсия даст мезаданд, бо супоридани ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мегардиданд. Акнун бо ворид намудани тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси  ҷиноятии ҷумҳурӣ афроди  порагиру порадеҳро маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани  тағйиру  иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баъд аз ҷонибдорӣ гардидан аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумони  мамлакат –Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

Июнь 13, 2018 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад