«Дирҳамҳои бухорхудотӣ, сосонӣ ва умавии Тоҷикистон»- бо ин ном китоби нави таърихшиноси тоҷик ба нашр расид

Июнь 23, 2018 11:57

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дирҳамҳои бухорхудотӣ, сосонӣ ва умавии Тоҷикистон» («Бухархудатские, сасанидские и омейядские дирхемы Таджикистана») -таҳти чунин унвон китоби сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ бо забони русӣ аз чоп баромад.

Тавре муаллифи асар ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, дар китоб  дар бораи 1787  адад дирҳамҳои  шоҳони Бухоро, шоҳони сосонӣ, шоҳони  Вахшу Тахористон ва дирҳамҳои умавиён, ки дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ёфт шудаанд, маълумот оварда шудааст.

Сиккаҳои таҳқиқшуда ба асрҳои 5-8 мансубанд. Дар китоб таърихи бозёфти ин сиккаҳо, ҷуғрофиёи паҳншавии онҳо, мақом ва нақши онҳо дар муомилоти пулӣ муайян ва баён карда шудааст.

Муайян гардидааст, ки дар асрҳои 5-8 дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон сиккаҳои шоҳони Бухоро ва Самарқанд ва дар ҷануби Тоҷикистон дирҳамҳои сосонӣ ва сосонӣ-тахорӣ дар муомилот буданд.

Дар охири китоб феҳрист ва баъди он аксҳои сиккаҳо ҷойгиранд.

Бояд гуфт, ки китоб дар рушди сиккашиносии тоҷик нақши арзанда дорад.

 

Июнь 23, 2018 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд