ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «КӮЗАИ ВАҲДАТ АЗ ХОК НЕ, АЗ ЗАР АСТ!»
ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нигористони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар радифи дигар мавзӯъҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ гӯшаи доимӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз ҷараёни музокирот, ки бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон дар кишварҳои Россия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардиданд, пешниҳод шудаанд.
Тавре медонем, аз 5 то 19 апрели соли 1994 аввалин гуфтушунидҳо дар шаҳри Москва баргузор шуданд. Аммо шурӯъ аз соли 1996 дар гуфтушунидҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад. Зеро 11 декабри соли 1996 дар Хостдеҳи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иттиҳоди мухолифини тоҷик вохӯрданд. Албатта, дар макони ҳамон вақт нисбатан ноором ва хавфноки Афғонистон ҳозир шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин худ нишонаи шуҷоат ва далерӣ буд ва ин далерӣ мухолифинро ба андеша гузошт. Қаламе, ки бо он дар ин музокирот ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд, ҳамчун нигораи нодир дар нигористони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин дастоварди таърихӣ ҳанӯз 18 июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд. Дарвоқеъ ин ҳаракат баҳри мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хизматҳои босазое карда истодааст.
Доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамасола барномаҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Хусусан моҳи июли соли 1999 дар Шоҳроҳи ваҳдат Корвони сулҳу ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар олимону адибони варзидаи тоҷик иборат буд. Корвон аз Қулма ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд рафта, ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд.
Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!».
Хушбахтона, ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар гӯшаи ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи «Эҳёи ваҳдат» ба намоиш гузошта шудааст.
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав ва
навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон











11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






