Филми тоҷикии «Сафари ҳавоӣ» дар Чин сазовори «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин нахустин Фестивали синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.
Фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи зарурӣ баргузор шуда, дар он ҳайатҳо иборат аз роҳбарият ва мутахассисони соҳаи кинои 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир ширкат варзиданд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон ва 12 нафар коргардонҳову ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик дар Фестивал иштирок дошт.
Фестивали мазкур дар 8 давр доир гардида, дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуданд. Аз ҷониби 12 нафар аъзои ҳайати ҳакамон аз ҳисоби коргардонҳои маъруфи кинои ҷаҳонӣ (аз ҷумла, раиси синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фестивал филмҳои коргардон Носир Саидов «Оинаи беҷило» ва «Муаллим», Румӣ Шоазимов «Хоби маймун», Далер Раҳматов «Сафари ҳавоӣ»-ро пешниҳод намуда буд.
Дар маросими пӯшидашавии нахустин Фестивали кинои СҲШ, ки шоми 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао доир гардид, филми «Сафари ҳавоӣ»-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов сазовори «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» гардид.
Филмҳои истеҳсоли коргардонҳои тоҷик аз ҷониби ҳайати ҳакамон, иштирокдорони Фестивал ва тамошобинони чинӣ истиқболи гарму самимӣ ёфтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи Фестивал Телевизиони марказии Чин «CCTV-Русский» дар асоси ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ тасмим гирифт, ки филми коргардони маъруф Носир Саидов «Оинаи беҷило» ва дигар филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм»-ро дар саросари Чин ба намоиш гузорад.
Ҳамчунин ҷониби чинӣ изҳори омодагӣ намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилотии соҳаи кино тайёр намудани мутахассисони ҷавонро барои кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.








«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






