Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара

Июнь 1, 2018 19:27

ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва Шаҳрсозӣ” мебошад.

Маблағи умумии сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 — 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4 ошёна бунёд шуда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кудак рост омад, аз ин ру Сарвари давлат ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассисаи навбунёд Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои насли ояндасози кишвар маънидод намуданд.

Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара 01.06.2018

Июнь 1, 2018 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд