ИСТАРАВШАН-МАСКАНИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Найтхарт Хёфер-Виссинг аз Қалъаи Муғ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кунанд.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер – Виссинг, ки бо сафари корӣ дар Истаравшан қарор дошт, баён гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни суҳбат доир ба масъалаҳои сохтмону тандурустӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаҳои гуногун гуфтушунид намуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар масъалаи ҷалби сайёҳони Германия ба шаҳри Истаравшан равона карда шуд.
Найтхарт Хёфер – Виссинг бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Амфитеатр дар Маҷмааи меъмориву таърихии «Қалъаи Муғ» шинос гардид.








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






