Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор беш аз 22 тонна пиллаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд
ҲИСОР, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор соли равон бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак дурнамои истеҳсоли пилларо ба 22 тоннаю 830 кг расониданд, ки ба 101,5 фоизи нақша баробар мебошад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Ҷамъияти саҳомии фаръии «Пиллаи Ҳисор» Алиҷон Миразизов иттилоъ дод, 328 нафар сардорони оилаҳои кирмакпарвари шаҳр имсол дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» 500 қуттӣ кирмаки навъи чиниро парвариш намуда, аз ҳар қуттӣ то 46 кг пилла ҷамъоварӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз парвариш ва корҳои нигоҳубини кирмак дар шаҳри Ҳисор дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар қуттӣ ба ҳисоби миёна то 46 кг-ро ташкил медиҳад.
Соли равон сарпарастии кирмакпарварони шаҳри Ҳисорро соҳибкорони ватанӣ ба зимма дошта, сари вақт ба ҳар кило пиллаи истеҳсолшуда 10 сомонӣ пардохт намуданд.
Инчунин баҳри назорату риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ ба кирмакпарварон мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ ба маҳалҳо сафарбар гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






