КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ-ДАР ДОХИЛИ ОИЛА. Саъдулло Казаков барои гумроҳӣ равонаи зиндон гардид

Июнь 23, 2018 13:04

ТУРСУНЗОДА, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Суди шаҳри Турсунзода дар суди сайёр сокини деҳаи Тӯйчии Ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов Саъдулло Казаковро, ки соли таваллудаш 1990, оиладор мебошад, бо моддаи 32 қисми 3–4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 12  сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр аз озодӣ маҳрум намуд.

Дар ин бора судяи Суди шаҳри Турсунзода Сўҳроб Раҷабзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Судшаванда Саъдулло Казаков тавассути шабакаи иҷтимоӣ ғояҳои ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро қабул карда, ба падараш Муродилло Казаков, бародараш Муҳаммадҷон Казаков ва падарарӯсаш Зокир Ханҷаров дастхат навишта, маълум кардааст, ки ў бо мақсади ҷиҳод ба давлати Шом сафар кардааст ва ӯро дигар накобанд, фарзандонашро нигоҳубин намуда,  қарзҳояшро диҳанд.

Хушбахтона,  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо кумаки наздикон зимни гузаронидани корҳои фаврӣ Саъдулло Казаковро дастгир намуда, ба Тоҷикистон оварданд.

   Судяи Суди шаҳри Турсунзода Сўҳроб Раҷабзода мегӯяд, ки ягона воситаи гумроҳсозии ҷавонони тоҷик ва ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ-ин истифодаи ғайримақсаднок аз шабакаҳои иҷтимоии  интернетӣ мебошад. Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи ҳадису оятҳои қуръонӣ  ҷавонони ноогоҳ ва камсаводи  моро гумроҳ намуда, ба ташкилотҳои террористӣ ҷалб менамоянд.

Аз ин рӯ, падару модарон  ва бародарони калони хонаводаҳо бояд аз интернет бо кадом мақсад истифода бурдани фарзандону бародарони худро назорат карда, барои пешгирии ин ҳолатҳо дар дохили оила корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронанд.

 

Июнь 23, 2018 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад