Коршиносони байналхалқӣ масоили идораи тиҷорати меҳмонхонаҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд

Июнь 28, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод барои роҳбарони осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳои сарироҳӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи «Идоракунии меҳмонхонаҳо: таҷрибаи беҳтарин дар идоракунии меҳмонхона» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, семинари мазкур дар меҳмонхонаи «Sheraton» баргузор гардида, коршиносони сатҳи байналмилалӣ, ҳамоҳангсози  БАТР Ролландс Репша  ва  мушовири байналмилалӣ бо таҷрибаи ғанӣ дар идораи меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, директори собиқи меҳмонхонаи “Le Meridien  Hotel golf” ва  “Country Club Resort” дар шаҳри Москва, директори генералии меҳмонхонаи «Қасри Невский»-и Санкт-Петербург ва «Метехи Палас»-и Тбилиси Фердинанд Виеленд ба иштирокчиён нозукиҳои тиҷорати меҳмонхонаро омӯхтанд.

Дар семинар 30 нафар намоянда ва роҳбарони меҳмонхонаҳои маҳаллӣ иштирок намуда, дар бораи тамоюли рушди ҷаҳонии бозори меҳмонхона ва ҷанбаҳои муҳими идоракунии он, ба монанди истифодаи самараноки захираҳо, идоракунӣ, фурўш, маркетинг, сифати хизматрасонӣ ва ғайра маълумоти муфид ба даст оварданд.

Тибқи гузориши Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «Муҳити бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ба шумор рафта, дар сурати рушд кардани он метавон буҷаи кишварро аз ҳисоби даромади соҳа ғанӣ гардонид. Помир ва водии Зарафшон ду самти асосии сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, кишвар дорои иқтидори бойи захираҳои ҷолиби сайёҳист, ки он  барои фаъолияти ширкатҳои хусусӣ дар бахши меҳмондорӣ ҷиҳати қонеъ кардани талаботи сайёҳон дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳа хеле муҳим аст.

Баъд аз анҷоми омӯзиш коршиносони байналмилалӣ дар алоҳидагӣ бо соҳибмулкон ва роҳбарони меҳмонхонаҳо суҳбат ороста, ба саволҳои онҳо посух гуфтанд

Фардо коршиносони байналмилалӣ ҷиҳати рушди тиҷорат ба  якчанд меҳмонхона ва осоишгоҳҳо бо мақсади кумак ба роҳбарияти онҳо сафар мекунанд.

Июнь 28, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ