Курси бозомӯзии масъулини ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид

Июнь 23, 2018 10:33

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои курси бозомӯзии думоҳаро ҷамъбаст ва ба иштирокчиёни он шаҳодатнома супорид.

ДУШАНБЕ, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 22 июни соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷамъбасти курси бозомӯзии масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷамъбастӣ доир гардид.

Курсҳои бозомӯзии мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуданд. Дар ҷамъомад муовини раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, олимону коршиносон, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар аъзои ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода зикр намуд, ки мақсад аз  ташкили курсҳо ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии кормандони масъули ҳизбии шаҳри Душанбе ҷиҳати дарки саривақтии авзои сиёсии ҷомеа, тақвияти мактаби сиёсии Пешвои миллат ва тайёрӣ ба маъракаҳои сиёсии муҳими давлатӣ мебошад.

Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён баргузории чунин курсҳои бозомӯзиро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи сиёсии аъзои ҷавони ҳизб мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми ҳамоиш шунавандагони курси бозомӯзӣ бо шаҳодатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 23, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад