Майдончаҳои варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд мешаванд

Июнь 13, 2018 16:13

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки 193-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд.

Майдончаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ободу зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардони варзиш бунёд карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ба истифода додани он намояндагони Вазорат ва масъулини шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони  майдончаи мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, чанд рӯз қабл ба анҷом расид.

Мавриди  зикр аст, ки масоҳати майдончаи варзишӣ 1100 метри мураббаъ буда, дар ҳудуди заминҳои атрофи он майдонча барои бозиҳои гуногуни кӯдакон бунёд карда шудааст.

Июнь 13, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад