Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Июнь 8, 2018 09:33

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 шабонарӯз то 10 рӯзи корӣ муқаррар карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳии кишвар ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, тағйироти куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар минтақа камназиранд.

“Дар баробари пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои соҳибкорони ватанӣ дар самти сайёҳӣ, озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, боз як дастгирии Пешвои миллат дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- ин ба тасвиб расонидани қарорҳои дахлдори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯзи корӣ мебошад.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июни соли 2018 таҳти №298 ва №299  оид ба тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури транзитии онҳо аз тариқи ҳудуди кишвари мо, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 шабонарӯз то 10 рӯзи корӣ муқаррар карда шуд”, — зикр намуд манбаъ.

Қарорҳои мазкур қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгирии онҳоро ба танзим дароварда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро уҳдадор месозад, ки бо тартиби муқарраргардида дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ворид шуданашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  шиносномаҳои хориҷии худ ё ин ки ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гиранд.

Бояд ёдовар шуд, ки муҳлати будубоши беқайд барои сайёҳон, ки тибқи раводиди навъи сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, 30 рӯз муқаррар шудааст ва ин имконият медиҳад, ки сайёҳон тамоми таваҷҷуҳи худро ба сайру саёҳат сарф намоянд.

Албатта, тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯзи корӣ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон ба ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Июнь 8, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ