ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои софу беғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл идома ёфта, шурӯъ аз 4 июл ҳарорат нисбат ба рӯзҳои пешин паст хоҳад шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +11+16 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 12-17 ва рӯзона 34-39 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






