Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи “сазан” ва “амури сафед” — ро сар доданд.
Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Аз рӯи маълумоти мутахассисони ин бахш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва моҳии “карп” парвариш карда мешаванд.
Моҳиҳои “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва моҳии “карп” ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Баъди сар додани моҳиҳо дар дарёи Сир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд бахшидани ин бахши сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






