Сокинони деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон дар домани кӯҳ боғи нав бунёд карданд

Июнь 23, 2018 10:35

ХОРУҒ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи дурафтодаи Сипонҷи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон шабакаи обрасонӣ, ки сокинони ин деҳа онро бо белу зоғнӯл дар масофаи зиёда аз як километр аз камари кӯҳ сохта, боғу киштзорони худро обёрӣ мекарданд, дубора барқарор карда шуд.  Дар навсозии ин шабакаи обрасонӣ ба сокинони деҳа мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳия, Ташкилоти давлатии Ҳукумати Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти ҷумҳуриявии “CAMP Табиат” кумак расонданд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯстализода,  навсозии канали мазкур ду мушкили асосии сокинони деҳаи Сипонҷро ҳал кард. Акнун деҳотиён имкон пайдо карданд, ки бидуни навбату интизориҳо замини наздиҳавлигӣ, боғу киштзори худро обёрӣ кунанд ва дуюм, дарахтони ҷангале, ки чанд сол пеш ба хотири шусташавии замин бунёд шуда буданд, аз хушкшавӣ  эмин мемонанд.

Яке аз сокинони деҳа Гулистон Худобердиева ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва созмонҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки худаш дар баробари дигар ҳамдеҳагон дар шинондани дарахтон ва панҷара кашидани атрофи ҷангал ширкат доштааст. Дар ояндаи наздик онҳо метавонанд аз ин ҷангал барои худ алафу ҳезум биёранд ва дарахтони онро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода баранд.

Ин ҷангалро деҳотиён соли 2017 дар доманаи кӯҳ, дар як замини нокорам, ки масоҳати он 9 гектарро ташкил медод, бунёд намуда, дар он 5,5 ҳазор ниҳол шинонданд. Ҳангоми бунёди ҷангал Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид  сокинони деҳаро бо ғизо таъмин кард.

 

Июнь 23, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад